Эмомалӣ Раҳмон бо табибони тоҷик вомехӯрад

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 август дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо намояндагони низоми тандурустии кишвар вомехӯрад. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи касбии табибон, ки имрӯз таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот аз дастоварду камбудиҳои тибби муосири тоҷик натиҷагирӣ шуда, ба масъалаи мубориза бо пандемияи коронавирус таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки 18 август – дар зодрӯзи табиб, олим ва файласуфи маъруфи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар ҷумҳурӣ Рӯзи табибон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи иди мазкур бо ташаббуси ҳайатҳои кормандони тиббии ҷумҳурӣ ва Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1995 парлумони Тоҷикистон ин рӯзро ба рӯйхати санаҳои иди давлатӣ дохил кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...