ВКД аз ҳалокати 4 кас дар садамаи нақлиёт дар ноҳияи Ҷомӣ хабар дод

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи 17 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рух дод, маълумот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Раҷабзода Асҳобиддин Муртазои 24-сола ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 16-метр чаппа шудааст.

Дар вақти рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт 12 нафар дар автомашина қарор доштаанд, ки аз маросими ҷаноза бармегаштанд.

"Бар асари ин ҳодиса Амриддин Ёқубзодаи 17-сола, Шамсиддин Абдуалимови 19-сола, Расулҷон Нуриддинови 37-сола ва Содиқ Каримови 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар хабар.

Боз 8 нафари дигар осебдида дар бемористон бистарианд ва таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...