Кумаки башардӯстонаи Чин ба Тоҷикистон ба маблағи наздики $13 млн

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 29 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 12 ҳазор тонна аз 52 кишвари ҷаҳон расидааст.

Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (43,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (13,7%), Туркия (13,5%), Қазоқистон (6,4%), Ҳиндустон (5,9%), Русия (3,3%), Дания (2,7%), Нидерланд (1,9%), ИМА ва Белгия (1,4%-ӣ), Олмон (0,9%), Малайзия (0,7%) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, зимни суханронӣ рӯзи 18 август дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар давраи пандемияи коронавирус (30 апрел аз аввалин сироятёбӣ хабар дода шуд, – Эзоҳи идора) аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд.

“Ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам”, – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Қаблан Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст.

Ин овозаҳоро қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ беасос унвон карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...