Прокурори генералӣ: Муолиҷаи коронавирус дар беморхонаҳо комилан бепул аст

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошт, ки моҳи май табибон дар ӯ бемории илтиҳоби шушро ошкор карда, дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд. Сирояти коронавирус дар ӯ ошкор нашудааст. “Қисмате аз доруҳоро худам харида, қисмати дигарашро беморхона таъмин кард”, – қайд кард прокурори генералӣ. Ӯ таъкид дошт, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошт, ки моҳи май табибон дар ӯ бемории илтиҳоби шушро ошкор карда, дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд. Сирояти коронавирус дар ӯ ошкор нашудааст.

“Қисмате аз доруҳоро худам харида, қисмати дигарашро беморхона таъмин кард”, – қайд кард прокурори генералӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки табобати сирояти коронавирус дар беморхонаи Тоҷикистон комилан бепул гузаронида мешавад.

“Овозаҳои аз ҳисоби худи беморон харида шудани маводи тиббӣ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии ҳайати тиббӣ беасосанд. Мақомоти прокуратура ягон чунин далел ошкор накарда, ягон муроҷиате ҳам дар ин бора ба мо ворид нашудааст”, – гуфт ӯ.

Прокурори генералӣ овозаҳои ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи аз хориҷа ба кишвар воридмешударо низ рад кард.

Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки пас аз сабти расмии сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ танҳо аз ҷониби мақомоти прокуратура баҳри пешгирии он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ беш аз ҳазор таъиноту фармоиш равона шудааст.

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар мавриди риояи меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ танҳо аз моҳи май то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.