Боздошти ронандаи фирорӣ пас аз пахши пиёдагард

Ронандаи сабукрави “Опел-Астра” баъд аз пахши як зани пиёдагард ӯро ба беморхона бурда, сипас фирор кардааст. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаби 11-уми июл, тахминан соати 21:20 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Нусратулло Махсум ба самти маҳаллаи Зафари ноҳияи Синои поутахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 62-соларо зада […]

Ронандаи сабукрави “Опел-Астра” баъд аз пахши як зани пиёдагард ӯро ба беморхона бурда, сипас фирор кардааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаби 11-уми июл, тахминан соати 21:20 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Нусратулло Махсум ба самти маҳаллаи Зафари ноҳияи Синои поутахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 62-соларо зада аз пой афтондааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронандаи мошин ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шудааст. Аммо ронанда баъдан ба самти номаълум ғайб задааст.

Барои муайянсозии ронандаи фирорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шудааст ва ӯро боздошт карда, ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бурдаанд.

Муайян гардид, ки ронандаи мошини мазкур шаҳрванд Азизҷон Худойназаров Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи деҳаи Ширкенти шаҳри Турсунзода мебошад. Номбурда тавассути сабукрави шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир кардааст.

Айни замон ҷиҳати муайянсозии сабаби ин садама таҳқиқ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.