Саъдуллои 17-сола аз оҳанпораю қисмҳои эҳтиётӣ минитрактор сохт

Як сокини 17-солаи Панҷакент аз қисмҳои эҳтиётии нақлиёти дигар ва оҳанпора мошинеро сохт, ки бо харҷи ками сӯзишворӣ метавонад кори зиёд анҷом диҳад. Саъдулло Бобобеков аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент мегӯяд, мошини ихтироъкардааш минитрактор буда, онро дар муддати 10 шабонарӯз сохтааст. Қисмҳои гуногуни минитрактор аз нақлиёти “Нива”, “ГАЗ-53” ва “Жигули”, инчунин аз ҳар гуна оҳанпора […]

Хуршеди Фозил, махсус барои Asia-Plus

Як сокини 17-солаи Панҷакент аз қисмҳои эҳтиётии нақлиёти дигар ва оҳанпора мошинеро сохт, ки бо харҷи ками сӯзишворӣ метавонад кори зиёд анҷом диҳад.

Саъдулло Бобобеков аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент мегӯяд, мошини ихтироъкардааш минитрактор буда, онро дар муддати 10 шабонарӯз сохтааст. Қисмҳои гуногуни минитрактор аз нақлиёти “Нива”, “ГАЗ-53” ва “Жигули”, инчунин аз ҳар гуна оҳанпора васлу насб шудааст.

“Дар як соат аз 600 то 800 грамм сӯзишворӣ масраф мекунад, ки хеле кам аст, – иброз дошт Саъдулло. – Ин минитрактор метавонад замин ҷуфт кунад, ҷӯя кашад, то 4-5 тонна бор кашонад ва он корҳоеро, ки трактор иҷро мекунад, ба сомон расонад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд минитрактори сохтааш корҳои гуногунро анҷом дода метавонад, аммо ҳоло пурра омода набуда, ба он чароғ ва анбора (аккумулятор) бояд насб карда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.