Яке ҳофизӣ мекарду дигарӣ рақс, лекин таксирон хомӯш буд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти милитсияи Душанбе ба ошкор кардани қонуншиканон тариқи наворҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ расида идома медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он шабона дар кӯчаҳои Душанбе як мусофири таксӣ тани худро аз тирезаи автомашина берун карда, дигарӣ доду фарёд мекард.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар навор сокини ноболиғи шаҳр сабт шуда, таксирон бо мушоҳидаи ин ҳолат, на ин ки монеи амалу кирдори ғайриахлоқии мусофирони худ гаштааст, балки дидаву дониста дар ҳолати хатарноку садамавӣ ба идора намудани автомашинаи худ идома додааст”, – қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, мусофири дигари таксӣ сокини шаҳи Ваҳдат Алиҷон Анақулови 41-сола дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат садои худро баланд намуда, оромии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст.

Бо қарори суд таксирон Сайнуриддин Идрисов ба 7 шабонарӯз ва мусофири “ҳофиз”-и автомашина ба 8 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Зикр мегардад, ки мусофири ноболиғи таксӣ шартан ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима шуда, волидони ӯ огоҳии қатъӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...