Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ВМКБ рафт

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят имрӯз, 19 август аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Вишхарв  дар ҳузури президенти мамлакат корхонаи “Карон – калсит” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. […]

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят имрӯз, 19 август аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Вишхарв  дар ҳузури президенти мамлакат корхонаи “Карон – калсит” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз барои сохтмони канали обрасон санги асос гузошт.

Зикр шуд, ки масоҳати дашт бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард. Минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аз наздик шинос шуда, як қатор иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва бо фаъолону сокинон суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.