Apple аввалин ширкати амрикоии арзишаш беш аз $2 трлн

Asia-Plus

Дар ҷараёни савдо дар биржаи фондӣ арзиши бозории саҳмияҳои корпоратсияи Apple ба зиёда аз 2 трлн доллар расид. Истеҳсолкунандаи iPhone аввалин ширкати амрикоии оммавӣ шуд, ки ба ин нишондиҳанда расид. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад.

Ду сол пеш низ Apple нахустин ширкате буд, ки нишондиҳандаи ҳадди 1 трлн долларро гузашт. Барои ба даст овардани триллиони ававлин ширкат наздики 38 сол аз замони роҳ ёфтан ба биржа роҳ паймуд.

Минбаъд Amazon, Microsoft ва Alphabet (Google) низ ба ин нишондиҳанда расиданд. Пеш аз Apple танҳо як ширкати нафтӣ аз Арабистони Саудӣ – Saudi Aramco моҳи декабри соли 2019 ба ҳадди 2 трлн доллар даст ёфта буд, лекин ҳозир ҳаҷми сармояи он коҳиш ёфт.

Дар пӯшида шудани савдо як саҳмияи Apple 462,83 доллар нарх дошт. Ҳудуди 4,7 млрд саҳмия дар гардиши озод қарор дорад. Моҳи июл шӯрои мудирони ширкат тақсим (ҷудо кардан)-и саҳмияҳоро дар нисбати чор ба як тасдиқ намуд.

Ин тадбир коғазҳои қиматноки ширкатро барои сармоягузорон бештар дастрас карда, лекин ба сармояи умумии бозорӣ таъсир намерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...