Apple аввалин ширкати амрикоии арзишаш беш аз $2 трлн

Дар ҷараёни савдо дар биржаи фондӣ арзиши бозории саҳмияҳои корпоратсияи Apple ба зиёда аз 2 трлн доллар расид. Истеҳсолкунандаи iPhone аввалин ширкати амрикоии оммавӣ шуд, ки ба ин нишондиҳанда расид. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад. Ду сол пеш низ Apple нахустин ширкате буд, ки нишондиҳандаи ҳадди 1 трлн долларро гузашт. Барои ба даст […]

Дар ҷараёни савдо дар биржаи фондӣ арзиши бозории саҳмияҳои корпоратсияи Apple ба зиёда аз 2 трлн доллар расид. Истеҳсолкунандаи iPhone аввалин ширкати амрикоии оммавӣ шуд, ки ба ин нишондиҳанда расид. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад.

Ду сол пеш низ Apple нахустин ширкате буд, ки нишондиҳандаи ҳадди 1 трлн долларро гузашт. Барои ба даст овардани триллиони ававлин ширкат наздики 38 сол аз замони роҳ ёфтан ба биржа роҳ паймуд.

Минбаъд Amazon, Microsoft ва Alphabet (Google) низ ба ин нишондиҳанда расиданд. Пеш аз Apple танҳо як ширкати нафтӣ аз Арабистони Саудӣ – Saudi Aramco моҳи декабри соли 2019 ба ҳадди 2 трлн доллар даст ёфта буд, лекин ҳозир ҳаҷми сармояи он коҳиш ёфт.

Дар пӯшида шудани савдо як саҳмияи Apple 462,83 доллар нарх дошт. Ҳудуди 4,7 млрд саҳмия дар гардиши озод қарор дорад. Моҳи июл шӯрои мудирони ширкат тақсим (ҷудо кардан)-и саҳмияҳоро дар нисбати чор ба як тасдиқ намуд.

Ин тадбир коғазҳои қиматноки ширкатро барои сармоягузорон бештар дастрас карда, лекин ба сармояи умумии бозорӣ таъсир намерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.