Эмомалӣ Раҳмон аз Рӯшон боздид карда, ба Хоруғ омад

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ноҳияи Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон нимаи дуюми рӯзи 20 август ба шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Рӯшон президент бо раҳбарият, фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карда, майдони пояи парчами давлатӣ ва дигар иншоотро боз намуд.

Зимни суханронӣ назди фаъолон ва аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлоли давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

“Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ равона гардидааст”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардидаааст.

Ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон идома дорад, ки то ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

“Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмуъ, 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёд ва таҷдид гардида, ин раванд бомаром идома дорад”, – хабар дод президент.

Зикр шуд, ки аз шумораи умумии иншооти мавриди истифода қарордодашуда ба соҳаҳои маориф 45 иншоот ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 иншоот ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 иншоот ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.

Ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин ба раҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати роҳандозии чораҳои қатъӣ барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ вазифадор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...