БМТ сабаби буҳронро дар низоми бонкӣ шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тағйироту иловаҳо воридшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти хешовандони наздик дар бонкҳои кишвар таҳия шудааст. Тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур 7 август аз ҷониби президент ба имзо расиданд.

Дар шарҳи тағйироту иловаҳо ба қонун дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қайд мешавад, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки мувофиқи тағйироти қабулшуда ба қонунгузорӣ, акнун ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда ва аъзои шӯрои нозирони бонкҳо будани хешовандони наздик манъ мешавад.

Қаблан хабар дода будем, ки ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйироту илова ворид шуда, мувофиқи он минбаъд дар бонкҳои кишвар якҷоя кор кардани шахсони хешу ақрабои наздик ба ҳамдигар манъ мешавад.

Зан (шавҳар), фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, набераҳо, инчунин падару модар, бародарону хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), волидони ҳамсарон, қудоҳо, келин, домод, ҷиянҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳамроҳ зиндагӣ ва рӯзгори умумӣ доранд, хешовандони наздик шуморида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 2 бонк – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” барҳам дода шуданд. Боз 2 бонки дигар дар вазъияти душвори молиявӣ қарор дошта, бо ҳамин сабаб пурра фаъолият карда наметавонанд.

Шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир ба сурати умум қариб 2 баробар кам шуд.

То оғози буҳрон дар низоми бонкӣ дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошта, айни замон шумори онҳо то 71 ташкилот кам шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 бонк, 20 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 28 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Айни замон 58 ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...