Кормандони Бонки миллиро ба нишон додани даромадҳои иловагӣ уҳдадор карданд

Ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд, ки мувофиқи он, кормандони Бонки миллӣ ба пешниҳоди маълумот дар бораи сарчашмаи даромадҳои иловагии худ уҳдадор мешаванд. Гуфта мешавад, пардохти маблағи андоз аз даромад ва амволи кормандони Бонки миллӣ (ба ҷуз ҳайати шахсии техникӣ ва хизматрасон) бо тартиби аз ҷониби ҳукумат муқаррашуда сурат мегирад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд, ки мувофиқи он, кормандони Бонки миллӣ ба пешниҳоди маълумот дар бораи сарчашмаи даромадҳои иловагии худ уҳдадор мешаванд.

Гуфта мешавад, пардохти маблағи андоз аз даромад ва амволи кормандони Бонки миллӣ (ба ҷуз ҳайати шахсии техникӣ ва хизматрасон) бо тартиби аз ҷониби ҳукумат муқаррашуда сурат мегирад.

Ҳамчунин мувофиқи боз як тағйирот, дар Бонки миллӣ якҷоя кор кардани шахсони хешу ақрабои наздик ба ҳамдигар манъ мешавад.

Зан (шавҳар), фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, набераҳо, инчунин падару модар, бародарону хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), волидони ҳамсарон, қудоҳо, келин, домод, ҷиянҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳамроҳ зиндагӣ ва рӯзгори умумӣ доранд, хешовандони наздик шуморида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон ҳукумати кишвар шаклҳои нави эъломия барои мансабдорони давлатӣ дар бораи даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин тартиби пур кардани онҳоро тасдиқ кард.

Мувофиқи қонунгузории феълии ҷумҳурӣ, хизматчии давлатӣ уҳдадор аст, ки ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молу мулкро пешниҳод намояд.

Пешниҳод накардани эъломияҳо ё дар он нишон додани маълумоти нодуруст барои аз хизмати давлатӣ озод кардани хизматчии давлатӣ ва ба хизмати давлатӣ қабул нагардидани шаҳрванд асос шуда метавонанд.

Мувофиқи моддаи 123-и Кодекси андози Тоҷикистон, мақомоти андоз ба ифшо кардани маълумоти эъломияҳо ҳуқуқ надоранд.

Лекин агар худи соҳиби эъломия хоҳиш дошта бошад, ки дар бораи сарчашмаҳои даромади худ хабар диҳад, пас ин ҷо ягон маҳдудият намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.