Раҳматилло Зойиров номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад

Asia-Plus

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Дар изҳороти худ дар саҳифаи Фейсбук Зойиров менависад, “қонуни амалкунандаи конститутсионӣ дар бораи интихоботи президенти ҶТ пеш аз Конститутсияи амалкунандаи ҶТ қабул шуда, зимни қабули он дар Конститутсия ниҳод дар бораи интихоботи президенти ҶТ вуҷуд надошт, яъне аз замони қабул ин қонун зиддиконститутсионӣ аст”.

Раиси ҲСДТ қайд мекунад, ки талаботи Конститутсияи Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 пас аз қабули он дар бораи таҳия ва қабули қонунҳои конститутсионӣ вобаста ба ин қонун риоя нашудаанд.

Президенти амалкунандаи Тоҷикистон, менависад раиси ҲСДТ, ба раиси ҳизби сиёсӣ будан ҳуқуқ надорад, илова бар ин низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар вайрон шуда, дар кишвар, ба гуфтаи ӯ, амалан низоми яккаҳизбӣ ҷорӣ шудааст.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократҳо ҳизбҳои сиёсиро дар хиёнат ба манфиати мардум гунаҳкор медонад: Зойиров бар ин назар аст, ки дар вақти қабули қонун дар бораи Комиссияи марказии интихоботии “беҳизбӣ” ин ҳизбҳо бо ҳукумат маслиҳат карда, ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ аз ҷониби сарвари давлат, ҳокимияти иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон овоз доданд. Аз 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботӣ, қайд мекунад Зойиров, беш аз 25 ҳазор нафарашон аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд.

Ба ақидаи Зойиров, “ҳамаи комиссияҳои интихоботӣ ва ҳамаи субъектҳои пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ (аҳзоби сиёсӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, Кумитаи кор бо ҷавонон ва ғайра) сохтори ҳокимияти иҷроия мебошанд ва фаъолияти худро бевосита ба манфиати сарвари давлати амлкунанда роҳандозӣ мекунанд”.

“Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва раиси ҲСДТ, дар таъмини қонунӣ будани интихоботи кунунии ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумии президенти Тоҷикистон иштиок карданӣ нестам”, – изҳор доштааст раиси ҲСДТ.

Дар фарҷом ӯ изҳори умедворӣ намудааст, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...