Ҷашни Рӯзи истиқлолият дар Тоҷикистон имсол хоксорона таҷлил мегардад

Дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар шаҳру навоҳии кишвар бо мақсади пешгирӣ аз сиряти коронавирус намоишҳои анъанавии театришуда, сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳои идона баргузор намешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имсол дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии маъмулии идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар доир намегардад. Ба гуфтаи манбаъ, […]

Дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар шаҳру навоҳии кишвар бо мақсади пешгирӣ аз сиряти коронавирус намоишҳои анъанавии театришуда, сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳои идона баргузор намешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имсол дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии маъмулии идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар доир намегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, шароити имсолаи вобаста ба пандемияи коронавирус талаб мекунад, ки чорабиниҳо бо иштироки издиҳоми мардум ва сайругаштҳои оммавӣ маҳдуд карда шавад.

Дар сурати баргузор намудани ҷашнҳо ба ин муносибат аз ҷониби корхонаҳо риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ тақозо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки то ин дам дар Тоҷикистон 8 ҳазору 346 ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта, шумори фавтидагон аз ин беморӣ дирӯз ба 67 нафар расид. Дар ин давра 7 ҳазору 142 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, беш аз 1 ҳазор нафари сироятёфтагон дар кишвар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.