Туркманистон ба сохтмони роҳи оҳан то сарҳади Тоҷикистон идома медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони туркман ба корҳои сохтмон дар шохаи роҳи оҳани Оқина – Андхой дар қаламрави Афғонистон машғуланд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.

Шохаи роҳи оҳани мазкур қисмате аз долони нақлиётии роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳамедов изҳор дошт, ки корҳои сохтмон дар роҳи оҳан аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Афғонистон идома доранд.

Ӯ қайд кард, ки бунёди роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Туркманистон ва бо истифода аз захираҳои кадрӣ ва моддии ин кишвар ҷараён дорад.

“Оянда дароз шудани ин шохаи роҳи оҳан то сарҳад бо Тоҷикистон ва минбаъд баромадан ба кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар назар аст”, – гуфтааст президенти Туркманистон.

Сохтмони қитъаи роҳи Оқина -Андхой, аз сарҳади Туркманистон то Фароби Афғонистон бо масофаи 35 километр моҳи июли соли гузашта оғоз гардид.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...