Анҷоми парвози чартерӣ байни Тоҷикистону Беларус аз ду самт

Asia-Plus

Парвози чартерӣ бо самти Душанбе – Минск барои ба ҷойи таҳсил дар Беларус ва Украина расонидани донишҷӯёни тоҷикистонӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорат аз донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар Беларус ва Украина дархост мекунад, ки зимни нақшаи сафар ба ин кишварҳо талаботи санитарӣ-эпидемиологии аз ҷониби ин кишварҳо тақозомешударо ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Украина ҷиҳати мусоидати зарурӣ ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини  транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина омодаанд.

“Барои дастрас намудани билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайри Душанбе – Минск шаҳрвандон метавонанд бевосита ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муроҷиат кунанд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, бо парвози чартерии самти Минск – Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус ва Украина қарор доранд, ба ватан баргардонида мешаванд. Барои номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Минск ва Украина муроҷиат кардан зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...