Парвозҳои чартерии боз як ширкат аз Русия ба Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймоии«Red Wings Airlines»-и Русия барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Ширкат аз 30 август ба иҷрои парвозҳо бо ин хатсайр оғоз мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, шумори хатсайрҳои чартерӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон аз 1 сентябр зиёд мешавад. “Шумори ширкатҳои […]

Ширкати ҳавопаймоии«Red Wings Airlines»-и Русия барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Ширкат аз 30 август ба иҷрои парвозҳо бо ин хатсайр оғоз мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, шумори хатсайрҳои чартерӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон аз 1 сентябр зиёд мешавад.

“Шумори ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, зиёд шуд. Ҳозир ду ширкати ватании “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”, ҳамчунин ду ширкати русиягии «Уральские авиалинии» ва «Red Wings Airlines» парвозҳоро иҷро мекунад”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки аз 1 сентябр ҳамарӯза ҳадди ақал ду бор аз Маскав ва дар ду рӯз як маротиба аз Санкт-Петербург парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ба иҷро расидани ҳамаи парвозҳои пешбинишуда (27 ва 30 август), ҳавопаймо бояд аз таъмири асосӣ гузарад.

“Баъзе қисму ҷузъҳои ҳавопаймо куҳна шуда, ширкат ният дорад, ки онро ба таъмири асосӣ диҳад. Ба ҷойи “Тоҷик Эйр” парвозҳоро ширкати русиягии «Red Wings Airlines» иҷро мекунад”, – илова кард манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар бораи таъмир чизе намедонанд ва ин масъаларо раҳбарияти ширкат ҳал мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.