Иброҳим Исмоилзод: “Нагӯед, ки нобиноям, ман ҷаҳонро бо қалбам эҳсос мекунам”

Дар Тоҷикистон ахиран овозхонии сарояндаи ҷавони нобино Иброҳим Исмоилзод писанди ҳамагон мегардад. Таронаҳои ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистону Русия низ гӯш медиҳанд. Сарфи назар аз нобиноии модарзод, Иброҳим Исмоилзод хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Консерваторияи миллӣ аст. Соли равон ӯ ба дарёфти дипломи махсуси фестивали “Тоҷикистон – ватани азизи ман” […]

Дар Тоҷикистон ахиран овозхонии сарояндаи ҷавони нобино Иброҳим Исмоилзод писанди ҳамагон мегардад. Таронаҳои ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистону Русия низ гӯш медиҳанд.

Сарфи назар аз нобиноии модарзод, Иброҳим Исмоилзод хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Консерваторияи миллӣ аст.

Соли равон ӯ ба дарёфти дипломи махсуси фестивали “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар бахши “Иҷрои сурудҳои эстрадӣ” ноли гардид. Таронаи ӯ “Чашми бино” аз шоир Гулназар зери мусиқии оҳангсоз Дилшод Гулов ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро мутаассир сохт.

https://www.youtube.com/watch?v=ejfCM5P4m-s

“Пас аз ин дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон консерти худро баргузор намудам”, – мегӯяд Иброҳим.

Ба гуфтаи Иброҳим, дар Тоҷикистон китобҳо бо шрифти Брайл, ки барои нобиноён пешбинӣ шудааст, нашр намешаванд ва аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифтааст, ки аудиокитобҳо таҳия намояд, то ки шахсони нобино бароҳат аз онҳо истифода баранд, лекин барои ин маблағи кифоя надошта, сарпараст ҷустуҷӯ дорад.

Иброҳим Исмоилзод худро озордида намешуморад: “Нагӯед, ки нобиноям, ман ҷаҳонро бо қалбам эҳсос мекунам. Мисли ман дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Байни онҳо шахсони лаёқатманду боистеъдоде ҳастанд, ки ба ҷомеа нафъ расонида метавонанд”.

Овозхон аз ҳукумати ноҳияи Файзобод, ки худ зодаи он ҷост, кумак дархост дошта, мехоҳад, ки барои оилаи сершумори онҳо, ки дар хонаи волидон зиндагӣ мекунанд, қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо кунанд.

“Барои садо додан ба 1 саҳифаи аудиокитоб 4 сомонӣ мепурсанд ва як китоби миёнаи иборат аз 200 саҳифа 800 сомонӣ меафтад”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин аз ширкати ТАЛКО ва роҳбари он Шералӣ Кабиров ёрӣ интизор буда, мегӯяд: “Мехоҳам, ки роҳбари ширкат Шералӣ Кабиров аққалан 5 дақиқа маро гӯш диҳад ва бовар дорам, ки мақсади маро хоҳад фаҳмид”.

Дар фарҷоми суҳбат сароянда хоҳиш намуд, ки рақами телефонҳояшро дар мавод нишон диҳем, то ки агар касе дар таҳияи аудиокитобҳо кумак карданӣ бошад, бо ӯ ба осонӣ дар тамос шаванд.

“Аз чунин шахсон хеле миннатпазир хоҳам буд, зеро кумак ба шахсони дармондаву осебпазир беҳтарин кори хайр дониста мешавад”, – илова кард сарояндаи ҷавон.

Рақами телефонҳои Иброҳим Исмоилзод: 93 587 65 43 ё 918 62 61 55.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.