Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ дар Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 август анҷумани навбатии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардида, дар он президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ номзад пешбарӣ шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар анҷуман аз фаъолияти Федератсия дар давраи солҳои 2013-2020 натиҷагирӣ шуда, вакилони Анҷуман лоиҳаи Оиннома, Барномаи амал барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияро тасдиқ намуданд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш – Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода), ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...