Беморхонаи сироятии Зарафшони пойтахт дар таъмир буда, одамонро қабул намекунад

Дар беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, таъмири асосӣ ҷараён дорад. Ин ҷо аллакай як моҳ инҷониб беморонро қабул намекунанд. Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз анҷоми таъмир беморхона бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад. “Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки […]

Дар беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, таъмири асосӣ ҷараён дорад. Ин ҷо аллакай як моҳ инҷониб беморонро қабул намекунанд.

Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз анҷоми таъмир беморхона бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад.

“Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки ба корҳои таъмир оғоз кунем, зеро қубурҳои обрасон хеле куҳнаву фарсуда гардида аз онҳо ба девору фарш об ҷорӣ мешуд, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, дигар беморонро қабул карда наметавонистем”.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин ҷо дар як вақт 390 нафар бо муолиҷа фаро гирифта шуда метавонанд.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, айни замон шахсони гумонбар ба сирояти коронавирусро дар Душанбе дар беморхонаи маркази солимии №1 (беморхонаи 1-ум Советский) ва Беморхонаи кӯдаконаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии пойтахт қабул мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июн муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба фаъолият бо реҷаи муқаррарӣ баргаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.