Маркази “Шифобахш” ба фаъолияти муқаррарӣ баргашт

Сар аз имрӯз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргашт. Тавре ба “Азия-Плюс” директори “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода хабар дод, беш аз 1250 нафар беморони коронавирус дар марказ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. “Ҳозир шумори муроҷиатҳо кам шуда, касоне, ки бистарӣ шуда буданд, аллакай шифо ёфтанд. Бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ, 5 бемори боқимонда […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сар аз имрӯз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргашт.

Тавре ба “Азия-Плюс” директори “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода хабар дод, беш аз 1250 нафар беморони коронавирус дар марказ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.

“Ҳозир шумори муроҷиатҳо кам шуда, касоне, ки бистарӣ шуда буданд, аллакай шифо ёфтанд. Бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ, 5 бемори боқимонда ба Маркази саломатии ба номи Карим Аҳмадов (1-ум Советский) гузаронида шуданд”, – гуфт ӯ.

Дар баробари холӣ шудани шуъбаҳо, дар онҳо корҳои безараргардонӣ ва коркарди санитарӣ гузаронида шуданд.

“Имрӯз аз хадамоти санитариву эпидемиологӣ иҷоза гирифта, ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргаштем. Акнун ҳар кадоме аз шуъбаҳо бо самти таъингардидаи худ фаъолият мекунанд”, – иброз дошт Шамсзода.

Зимнан зикр шуд, ки дар маркази “Шифобахш” ду изолятор (ҳуҷраҳои ҷудонигаҳдорӣ) омода шудааст, ки дар сурати муроҷиати беморони COVID-19 ба онҳо кумаки аввалия расонида мешавад.

“Дар ин ҳуҷраҳои ҷудонигаҳдорӣ ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, сипас ин беморон ба дигар марказҳое, ки дар онҳо ба табаобати бемории коронавирус идома медиҳанд, гузаронида мешаванд”, – илова кард директори “Шифобахш”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.