Коҳиши ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори аввал тайи 5 соли охир

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 11,3% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти мол байни кишварҳо дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 148,4 млн долларро ташкил дод.

Дар ин давра Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи андаке бештар аз 35,1 млн доллар молу маҳсулот фиристода, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ба 113,3 млн доллар баробар аст.

Соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе 16 санади ҳамкорӣ имзо шуд, ки дар онҳо содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 482 млн доллар ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 143 млн доллар пешбинӣ гардида буд.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3,6 баробар афзуд: аз 13 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешияи хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...