Боздошти гумонбарони як силсила ҷиноятҳои дуздӣ дар Хатлон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони милитсия се нафар сокинони вилояти Хатлонро ба гумони даст доштан да як силсила ҷиноятҳои дуздӣ боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ду нафари онҳо қаблан доғи судӣ доштаанд.

Дар асоси аризаҳои сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Шаҳритуз ва шаҳри Бохтар ба Шуъбаҳои ВКД бобати аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулӣ, ҷавоҳироти тилоӣ, чорвоҳои шохдор ва ашёҳои рӯзгорашон, гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ гумонбарони ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд.

“Сокини шаҳри Бохтар Баҳодур Худойназарови 32-сола, дар 4-ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, шабона тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён гашта, аз он ҷо телевизор, кондитсионер, мошинаҳои дарздузӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф менамояд”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, сокини ноҳияи Кӯшониён Далерҷон Шамсиеви24-сола ҳангоми дар манзили истиқоматии сокини ноҳияи Кӯшониён Уран Нурматов ба ҳайси устои таъмиргар кор карданаш маблағи 1000 сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Зикр мегардад, ки ин ду нафар пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, солҳо адои ҷазо карда бошанд ҳам, ба худ аз ин хулосаи лозимӣ набароварда, такроран даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбари сеюм сокини ноҳияи Шаҳритус Салом Жоназарови 27-сола дар дуздии чорвоҳои хурду калони шохдор, моторҳои барқии обӣ, асбобҳои кафшергарӣ ва дигар ашёҳои рӯзгори сокинон гунаҳкор донмиста шуда, дар 5 ҳолати дузии моликият гумонбар дониста мешавад.

Айни замон ин се нафар гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон дар шуъбачаҳои тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар, ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Шаҳритуз бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...