Восеъ: боздошти раиси ҷамоат ба иттиҳоми порагирӣ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раҳбари як ҷамоатро дар ҷануби кишвар ба иттиҳоми гирифтани пора бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Амирхон Ҳалимов ҳангоми кор дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба чунин ҷурм задааст. Гуфта мешавад, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раҳбари як ҷамоатро дар ҷануби кишвар ба иттиҳоми гирифтани пора бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Амирхон Ҳалимов ҳангоми кор дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба чунин ҷурм задааст.

Гуфта мешавад, ӯ санаи 1 июни соли равон аз шаҳрванд   “А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5 ҳазор сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд.

“3 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 9 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки феълан вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б.  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.