Ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ дар Душанбе, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон, бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки  дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои нави шашошёна дар кӯчаи Раҳмон Набиев, дар маркази Душанбе ҷойгир  мебошад. Дар расми ифтитоҳ раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ низ ширкат варзид.

Хабар дода мешавад, ки ҳоло Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ биноеро гирифтааст, ки тибқи тарҳи замонавӣ ва бо назардошти тамоми талаботи замон сохта шудааст, ки дар Осиёи Миёна  ҳамто надорад. Сохтмон соли 2014 оғоз ёфт.

Дар бинои нав 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ  мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд, ки барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки  дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» аз рӯи 12 ихтисос, аз ҷумла кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ-офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, корҳои тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85-сола дорад ва соли 1935 таъсис ёфта, айни замон дар он беш аз 7,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Сипас бо иштироки сарвари давлат ва раиси пойтахт дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе” мавриди истифода қарор дода шуд.

Кӯдакистон аз 2 бинои 3 ошёна бо таҳхона барои 120 нафар иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст. Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар яки он дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.

Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хӯрд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст. Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар ин даргоҳи нави таълимӣ 33 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд.

Гуфта мешавад, дар сардхона имконият аст, ки 2000 тонна сабзавоту мева ва 1000 тонна дигар намуди маҳсулоти ғизоӣ, ки ниёз ба нигоҳубини хос доранд, захира карда шавад. Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст.

Масоҳати умумии бино 3800 метри муррабаъро ташкил дода, дар он 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, ҳамчунин дар он барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...