Раиси ҲСДТ ҷонибдоронашро ба таҳрими интихобот даъват кард

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон кард. Дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Шӯрои сиёсии ҳизб чунин тасмим гирифта шудааст. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ҳамаи аъзои ҳизбро ба риояи интизом ва ба қитъаҳои овоздиҳӣ нарафтан, “ба сурати умум, таҳрими интихоботи президентӣ” […]

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон кард. Дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Шӯрои сиёсии ҳизб чунин тасмим гирифта шудааст.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ҳамаи аъзои ҳизбро ба риояи интизом ва ба қитъаҳои овоздиҳӣ нарафтан, “ба сурати умум, таҳрими интихоботи президентӣ” даъват мекунад.

Ба ақидаи Зойиров, аввалаш, дар муҳлатҳои зикршудаи Комиссияи марказии интихобот ҷамъоварии 250 ҳазор имзо ғайриимкон аст.

Сабаби дигари таҳрими интихобот, мегӯяд Зойиров, дар он ифода меёбад, ки президент кишвар раиси ҳизб мебошад.

“Далели Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардани ӯ амалан низоми бисёрҳизбиро дар ҷумҳурӣ аз байн бурда, ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил дод”, – иброз дошт ӯ.

Боз як сабаби дигари эълони таҳримро Раҳматилло Зойиров ва аъзои ҳизби ӯ дар соли 2019 қабул шудани қонун дар бораи Комиссияи марказии интихобот дар таҳрири нав мебинанд.

“Мувофиқи ин қонун, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо ба иштирок дар кори комиссияҳои марказӣ ва маҳаллӣ ҳуқуқ надошта, ҳайати онҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳоимияти иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ташкил карда мешавад”, – гуфт раиси ҲСДТ.

Интихоботи президенти Тоҷикитсон рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ таъин шудааст. То имрӯз 5 нафар, аз ҷумла президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Қаблан Раҳматилло Зойиров изҳор дошта буд, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуда буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.