Раиси ҲСДТ ҷонибдоронашро ба таҳрими интихобот даъват кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон кард. Дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Шӯрои сиёсии ҳизб чунин тасмим гирифта шудааст.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ҳамаи аъзои ҳизбро ба риояи интизом ва ба қитъаҳои овоздиҳӣ нарафтан, “ба сурати умум, таҳрими интихоботи президентӣ” даъват мекунад.

Ба ақидаи Зойиров, аввалаш, дар муҳлатҳои зикршудаи Комиссияи марказии интихобот ҷамъоварии 250 ҳазор имзо ғайриимкон аст.

Сабаби дигари таҳрими интихобот, мегӯяд Зойиров, дар он ифода меёбад, ки президент кишвар раиси ҳизб мебошад.

“Далели Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардани ӯ амалан низоми бисёрҳизбиро дар ҷумҳурӣ аз байн бурда, ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил дод”, – иброз дошт ӯ.

Боз як сабаби дигари эълони таҳримро Раҳматилло Зойиров ва аъзои ҳизби ӯ дар соли 2019 қабул шудани қонун дар бораи Комиссияи марказии интихобот дар таҳрири нав мебинанд.

“Мувофиқи ин қонун, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо ба иштирок дар кори комиссияҳои марказӣ ва маҳаллӣ ҳуқуқ надошта, ҳайати онҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳоимияти иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ташкил карда мешавад”, – гуфт раиси ҲСДТ.

Интихоботи президенти Тоҷикитсон рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ таъин шудааст. То имрӯз 5 нафар, аз ҷумла президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Қаблан Раҳматилло Зойиров изҳор дошта буд, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуда буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...