Восеъ: боздошти раиси ҷамоат ба иттиҳоми порагирӣ

Date:

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раҳбари як ҷамоатро дар ҷануби кишвар ба иттиҳоми гирифтани пора бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Амирхон Ҳалимов ҳангоми кор дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба чунин ҷурм задааст.

Гуфта мешавад, ӯ санаи 1 июни соли равон аз шаҳрванд   “А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5 ҳазор сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд.

“3 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 9 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки феълан вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б.  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...