Эрон ба Тоҷикистон 2,5 тонна маводи тиббӣ фиристод

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 3 сентябр бори дуюм ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус кумаки башардӯстона фиристод. Бо хатсайри махсус 2,5 тонна маводи тиббӣ ва 102 нафар мусофирон, ки 59 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд,аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар хабар дод, ҳавопаймои ширкати “Киш Эйр” нимаи дуюми рӯзи 3 сентябр ба фурудгоҳи Душанбе расид.

“Дар ҳавопаймо 102 нафар мусофирон – 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 49 нафар шаҳрвандони Эрон низ ҳузур доштанд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин бо ин хатсайр 2,5 тонна маводи тиббӣ ба сифати кумаки башардӯстона оварда шуд”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки кумак аз ҷониби ноиби президент оид ба илм ва технологияи Эрон фиристода шуд, ба ихтиёри мақомоти дахлдори Тоҷикитсон супурда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳамин ҳавопаймо 63 нафар – 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва 42 шаҳрванди Эрон ба Эрон парвоз карданд. Байни шаҳрвандони Тоҷикистон донишҷӯёну сайёҳон ва беморон буданд, ки барои табобат ба Эрон мерафтанд.

Ёдрас мекунем, ки миқдори аввали кумаки башардӯстона аз Эрон ба Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи коронавирус 12 май фиристода шуда, аз 6 тонна маводи тиббӣ ва доруворӣ иборат буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...