Эрон ба Тоҷикистон 2,5 тонна маводи тиббӣ фиристод

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 3 сентябр бори дуюм ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус кумаки башардӯстона фиристод. Бо хатсайри махсус 2,5 тонна маводи тиббӣ ва 102 нафар мусофирон, ки 59 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд,аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар хабар дод, […]

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 3 сентябр бори дуюм ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус кумаки башардӯстона фиристод. Бо хатсайри махсус 2,5 тонна маводи тиббӣ ва 102 нафар мусофирон, ки 59 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд,аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар хабар дод, ҳавопаймои ширкати “Киш Эйр” нимаи дуюми рӯзи 3 сентябр ба фурудгоҳи Душанбе расид.

“Дар ҳавопаймо 102 нафар мусофирон – 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 49 нафар шаҳрвандони Эрон низ ҳузур доштанд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин бо ин хатсайр 2,5 тонна маводи тиббӣ ба сифати кумаки башардӯстона оварда шуд”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки кумак аз ҷониби ноиби президент оид ба илм ва технологияи Эрон фиристода шуд, ба ихтиёри мақомоти дахлдори Тоҷикитсон супурда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳамин ҳавопаймо 63 нафар – 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва 42 шаҳрванди Эрон ба Эрон парвоз карданд. Байни шаҳрвандони Тоҷикистон донишҷӯёну сайёҳон ва беморон буданд, ки барои табобат ба Эрон мерафтанд.

Ёдрас мекунем, ки миқдори аввали кумаки башардӯстона аз Эрон ба Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи коронавирус 12 май фиристода шуда, аз 6 тонна маводи тиббӣ ва доруворӣ иборат буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.