Кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистонро Интерпол меҷӯяд ва барои чӣ?

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Санаи 7 сентябри соли 1923 барои мубориза бо ҷинояткорони байнулмилалӣ Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноятӣ – Интерпол таъсис дода шуд.

Имрӯз Интерпол созмони байнулмилалӣ ва байниҳукуматии пулиси ҷиноятӣ буда, бар асоси Оинномаи соли 1956 қабулшуда амал мекунад. Беш аз 190 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои Интерпол мебошанд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Соозмон дар мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, қочоқ ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, муқовимат бо ҳолатҳои сохтакории пулҳо, коғазҳои қиматнок, бандитизм ва терроризм аз ҷумлаи вазифаҳои Интерпол маҳсуб меёбанд.

Мо тасмим гирифтем, ки сомонаи Интерполро мавриди таҳлил қарор дода, огаҳ шавем, ки кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Интрепол ҷустуҷӯ мешаванд ва бо кадом сабаб?

Дар бахши “Огоҳиномаи сурх” (Красное уведомление) дар бораи 7309 нафар ҷинояткорон маълумот дода шудааст, ки миёни онҳо 29 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам зикр шудаанд.

“Огоҳиномаи сурх” – дархост ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи саросари дунё оид ба макони зист ва ҳабси пешакии шахсе мебошад, ки истирдод, интиқол ё даъвои судии ба ин монанд нисбати ӯ мавриди амал қарор мегирад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин рӯйхат ҳузур доранд, аз ҷониби Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Шахсоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд, дар рӯйхат зикр нашудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои мусоидат ё иштирок дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё террористӣ, инчунин гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноятпеша мавриди пайгард қарор гирифтаанд.

Синни аксари шаҳрвандони мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Тоҷикистон аз 25 то 40-соларо ташкил дода, миёни онҳо ду нафар занон низ ҳастанд: Комила Урунбоеваи 37-сола барои “иштирок дар гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноятпеша” ва Гулноза Бобошарифоваи 25-сола барои “иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ” мавриди пайгард қарор доранд.

Дар суратгузориши зер скриншот аз сомонаи Интерпол бо маълумот дар бораи ҳар кадоме аз шаҳрвнади Тоҷикистон, ки мавриди пайгард қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...