Беш аз 2,3 млн сомонӣ кумаки писари боғпарвари машҳур ба муқовимат бо коронавирус

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосил аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад. Гуфта мешавад, дар самти […]

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосил аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Гуфта мешавад, дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус аз ҳисоби даромади соф аз тарафи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 млн 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

“Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст, – омадааст дар хабар. – Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба ӯҳда доранд. Бо роҳи бунёди 3 ҷоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд”.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ ва сабзавоту меваҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии«Ҳоҷӣ Неъмат», «Ҳоҷӣ Камол»,  «Боғи Сомон», «Боғи Ватан» шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Камол Мадумаров моҳи октябри соли 2019 дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашта, то рӯзҳои охири умр ҳамроҳи дӯсташ Ҳоҷӣ Неъмат дар боғҳо кор мекард.

Ду деҳқони асил дар зиёда аз 600 гектар замин, ки бисёре аз он партовтаву бекор хобида буданд, ба ангурпарварӣ машғул шуданд, ки айни замон ин ангурзорҳои бунёдкардаи онҳо беҳтарин ва муаррифгари Тоҷикистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.