Аз пахтачинӣ то тайёр кардани мавиз: сафари президент ба шаҳри Турсунзода

Гузориш бо аксҳо аз ҷараёни сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода. Пахтачинӣ Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар кооперативи “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Гузориш бо аксҳо аз ҷараёни сафари кории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода.

Пахтачинӣ

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар кооперативи “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, тибқи иттилоъ дар тавозуни кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 709 гектар, аз ҷумла 214 гектар замини корами табии обёришаванда, беш аз 60 гектар замини корами тавассути пойгоҳи обкашӣ обёришаванда ва 433 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд мебошад.

Ҷамъоварии шолӣ

Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат” оғоз бахшид. Шолие, ки ҷамъоварии он бо иштироки сарвари давлат оғоз ёфт, баъди ғунучини ғалладонагиҳо, хоса гандум ва ҷав, яъне кишти такрорӣ мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бо дарназардошти ҳосилбандии ниҳоли зироат дурнамои он дар заминҳои хоҷагии “Ҳақиқат” бояд аз 48 то ба 50 сентнер баробар гардад.

Зеристгоҳи барқӣ

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зеристгоҳи барқии “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд.

Зеристгоҳи барқии “Равшан” солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд.

Майдони Парчами давлатӣ

Бо иштироки сарвари давлат дар шаҳри Турсунзода Майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд. Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати гулгашти майдони Парчами давлатӣ беш аз 3 ҳазору 790 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Коргоҳҳои истеҳсолӣ

Дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи мазкур аз соли  2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.

Дар корхона 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимақка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Тамоми таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидааст, аз давлатҳои Туркия, Украина ва Чин ворид карда шудааст.

Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат”

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” боздид намуда, бо рафти тайёр намудани мавиз, ки бо усули махсус сурат мегирад, шинос шуд.

“Нахуст дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда мешавад ва баъд дар ду хушаи ангури бо ҳам пайваст ба муддати аз 2 то 3 дақиқа дар он нигоҳ дошта шуда, сипас овезон карда мешавад, – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуоти президент. – Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 10 то 15 рӯзро дар бар гирифта, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавиз ҷудо карда шуда, дар ҷойи муайян то хушк шуданаш бо усули хос нигоҳ дошта мешавад”.

Гуфта мешавад, деҳқонон имсол 10 тонна ангури навъи “сиёҳи бе дона” ва “чиликӣ”-ро тайёр намуда, аз ин миқдор ангури овезонкардашуда 2 тонна мавизи хуштамъу босифат ҷамъоварӣ мегардад.

Ҳамчунин сарвари давлат аз хоҷагиҳои деҳқонии “Боғи Сомон”, “Боғи Ватан” ва “Ҳоҷӣ Камол” низ боздид кард.

Ҳамаи суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.