Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ як қатор иншоотро боз кард

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 сентябр ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ширкат варзид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории ҶДММ “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода дод. Иқтидори корхонаи […]

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 сентябр ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории ҶДММ “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода дод.

Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 млн 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро ба чӯҷаи якрӯза таъмин намояд.

дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ кард. Мактаб барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ иборат аст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдон шинос шуд. Дар ҳамин ҷо ӯ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан кард.

Дар ҳамин ҷамоат сарвари давлат ба фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар оғози расмӣ бахшид. Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар мегирад.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна ширро  коркард намояд. Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан, барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст.

Дар деҳаи Фотеҳобод президентаз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид намуд. Дар ин ҷо беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор  сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон сарвари давлат ба фаъолияти кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” оғоз бахшид, ки  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст Дар тарабхонаи “Бӯстон” Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим кард.

Дар шаҳраки Бӯстон президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази адлия

… бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия

…. барафрохтани Парчами давлатӣ

 низ иштирок кард.

Ҳамчунин бо ҳузури президент дар шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия, Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Тоҷикистон”, Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст, Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ва Варзишгоҳи марказии ноҳия бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.