Дар 8 моҳ ба буҷет ҳудуди $39 млн камтар аз нақша маблағ ворид шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил дод, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин маънои онро дорад, ки дар ин давра ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ (наздики 39 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Камбуди буҷет асосан ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин қисмати харҷоти буҷет иҷро нашуд: маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.

Аммо аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд. Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Дар назар буд, ки рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи нақшаи тасҳеҳшудаи Вазорати молия, касри Буҷети давлатӣ дар соли равон 3,1 млрд сомонӣ (беш аз 300 млн доллар) ё худ 3,7% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод.

Бонки осиёии рушд барои дастгирии буҷет ба маблағи 1 млрд 23 млн сомонӣ (ҳудуди 100 млн доллар) грант ҷудо мекунад.

Ҳамчунин бо ин мақсад 189 млн доллар маблағҳои қарзии Хазинаи байнулмилалии асъор ҷалб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...