Эмомалӣ Раҳмон сарвазири тозаинтихоби Ҷопонро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга ба муносибати интихоб гардиданаш ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар арқия изҳори итминон шуд, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбӣ ба сарвазири тозаинтихоб дар амалӣ намудани ин вазифаи сермасъул мусоидат хоҳанд кард. Зикр шуд, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга ба муносибати интихоб гардиданаш ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар арқия изҳори итминон шуд, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбӣ ба сарвазири тозаинтихоб дар амалӣ намудани ин вазифаи сермасъул мусоидат хоҳанд кард.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо яке аз кишварҳои мутараққии Осиё – Ҷопон ҳавасманд мемонад ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо ин кишвар қаноатмандӣ буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорад.

“Бовар дорам, ки мо дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ, бо саъю эҳтимоми муштарак, равобити гуногунҷанбаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид, – омадааст дар барқия. – Ба ин манзур мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ҷопонро идомаи судманд бахшем”.

Дар фарҷом ба Ёсихидэ Суга саломатии комилу дар амри татбиқи нақшаю барномаҳо ҷиҳати пешрафти кишвараш комёбиҳои рузафзун ва ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва саодату шукуфоӣ таманно карда шуд.

Дар Ҷопон бори нахуст тайи қариб 8 сол роҳбари ҳукумат иваз шуд. Палатаи поёнии парлумон рӯзи 16 сентябр Ёсихидэ Сугаи 71-соларо сарвазири кишвар интихоб кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.