Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 40% кам шуд

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии андаке беш аз 46,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷумҳурӣ ба андозаи 39,3% кам шудааст. Дар моҳҳои январ-августи соли гузашта Тоҷикистон […]

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии андаке беш аз 46,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷумҳурӣ ба андозаи 39,3% кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 76,5 млн доллар нерӯи барқ содирот карда буд.

Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 5,6% коҳиш ёфт: аз 14,2 млрд кВт/соат давоми моҳҳои январ августи соли 2019 то ба 13,5 млрд кВт/соат дар ҳамин давраи соли равон.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷи кишвар қатъ кард. Ин тасмимро ҳукумат ба коҳиши маҷрои об дар дарёи Вахш ва мутаносибан мушкилоти ба таври кофӣ захира нашудани об дар обанбори Норак нисбат дод.

Аввали моҳи сентябр ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ба таври кофӣ захира шудани об дар обанбори неругоҳи Норак ва барқарор шудани интиқоли барқ ба Афғонистон дод.

Зимнан зикр шуда буд, ки ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи барқарор намудани содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ баррасӣ дорад.

Соли 2019 ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 1 млрд 458,2 млн кВт/соат (ба маблағи 60,6 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 1 млрд 425,1 млн кВт/соат (ба маблағи 28,5 млн доллар)-ро ташкил дод.

Соли гузашта арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 4,3 сент (барои 1 кВт/с) ва Ӯзбекистон – 2 сент (барои 1 кВт/с) муқаррар шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.