Мусоидати БАТР ба татбиқи лоиҳаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 16 сентябри соли равон  бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)   тариқи онлайн (видеоконфронс) мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, зимни мулоқот  масоили татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардиданд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қайд кард, ки соҳаи нақлиёт  бо БАТР ҳанӯз аз соли 2001-ум ҳамкориҳоро  оғоз карда, зина ба зина онҳоро вусъат бахшид. Вазир ҳамчунин барои вусъати ҳамкориҳои минбаъда як қатор лоиҳаҳоро барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Гуфта мешавад, сардори намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова изҳор дошт, ки дар бисёр давлатҳо бо роҳи оҳан ҳамкориҳо доранд ва хуб мешуд, ки дар оянда бо Роҳи оҳани Тоҷикистон низ ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон айни замон дар сохтмони қитъаи худ дар роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба сармоягузорӣ ниёз дорад.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.

Туркманистон ҳанӯз соли 2016 сохтмони қитъаи худро ба охир расонида, айни замон ба сохтмони қитъаи роҳ дар Афғонистон машғул аст.

Лекин бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявӣ, сохтмони қитъаи ин роҳи оҳан дар қаламрави Тоҷикистон ба таъхир афтодааст.

БАТР яке аз ташкилотҳои асосии мададрасони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ниҳоди байнулмилалӣ барои амалисозии 135 лоиҳа дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикитсон 839 млн евро ҷудо кардааст.

Аввали соли равон БАТР стратегияи панҷсолаи амалиёти худро дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар он маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар самти суботи фазои макроиқтисодӣ, беҳбуди муҳити корӣ ва осебпазирӣ ба тағйири иқлим пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...