Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндониро пеш аз муҳлат озод накарданд

Asia-Plus

Дархости Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик барои пеш аз муҳлат озод карданаш аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шудааст. Вале далели рад шудани дархост аз сӯйи ин ниҳод шарҳ дода нашудааст.

Наздикони Далер Шарифов гуфтаанд, ки ин дархост як моҳ пештар ба мақомот ирсол шуда буд, вале рӯзи 18-уми сентябр посухи ради онро дарёфт намудаанд.

Абдуманон Шарифов, падари ин рӯзноманигорӣ зиндонӣ гуфтааст, вазъи саломатии писараш хуб нест ва ҳамчунин дар зиндон “як навъ фишори равониро эҳсос мекунад”.

Ин рӯзноманигор, ки  яке аз мунтақидони низом дар кишвар буд, баҳори имсол аз сӯйи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе барои як сол зиндон шуд. Ҳамчунин наздикони Далер гуфтаанд, ки бояд ӯро 5 июл ба маҳбаси сукунатӣ мегузарониданд, вале нагузаронидаанд.

Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Парвандаи ин рӯзноманигори тоҷик яке аз қазияҳои пурсару садо ҳам дар ҷомеаи тоҷик ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ буд. Баъди боздошти ин рӯзноманигор, Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳорот ӯро ба навиштани 200 мақолаи дорои мазмуни экстремистӣ тайи солҳои 2013 -2019  муттаҳам донист. Аммо ба гуфтаи наздиконаш рӯзноманигор ин иттиҳомотро напазируфт.

Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...