Қарз аз маош дар Тоҷикистон дар 1 моҳ $437 ҳазор афзуд

Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи июл бо назардошти баиқияи солҳои гузашта 60,6 млн сомониро ташкил дода, аввали моҳи август то 65,1 млн сомонӣ расид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Қарзи аз ҳама зиёд дар дар соҳаи сохтмон (17,6 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,7 млн сомонӣ) ва саноати коркард (14,4 […]

Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи июл бо назардошти баиқияи солҳои гузашта 60,6 млн сомониро ташкил дода, аввали моҳи август то 65,1 млн сомонӣ расид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Қарзи аз ҳама зиёд дар дар соҳаи сохтмон (17,6 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,7 млн сомонӣ) ва саноати коркард (14,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1275 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 124 доллар баробар аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3726 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2610 сомонӣ), бинокорон (2390 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2254 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 531 сомонӣ сабт шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.

Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, оид ба нишондиҳандаҳо дар Қазоқистону Молдова ва Ӯзбекистон маълумот дастрас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.