Миёни Тоҷикистону Афғонистон кимиссияи ҳамкориҳои амниятӣ эҷод мешавад

Муҳаммад Ҳанифи Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар идомаи дидорҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, бо Дабири Шӯрои амнияти милли Тоҷикистон  Насрулло Маҳмудзода мулоқот кард. Бино ба хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор, ҷаноби Атмар аз ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар раванди сулҳ ва музокирот бо "Толибон" қадрдонӣ кардааст […]

Муҳаммад Ҳанифи Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар идомаи дидорҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, бо Дабири Шӯрои амнияти милли Тоҷикистон  Насрулло Маҳмудзода мулоқот кард.

Бино ба хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор, ҷаноби Атмар аз ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар раванди сулҳ ва музокирот бо "Толибон" қадрдонӣ кардааст ва ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, таъмин амнияти сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муҳим ва асосӣ хондаст.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ин дидор ба аҳамияти густариши талошҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм ва амнияти сарҳадот, таъкид кардаст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар бахшҳои ёдшуда эълом кард.

Ҳамчунин, ду тараф дар хусуси истирдоди маҳбусин, эҷоди комиссияи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар ва эҷоди роҳкори ҷомеъ ва муассири минтақавӣ барои мубориза бо терроризм, баҳс ва табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.