Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нав мешавад

Интизор меравад дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раиси нави ин ниҳод интихоб шавад. Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, муовини раиси ин ниҳод, қарор аст Анҷуман дар даҳҳаи аввали моҳи ноябри имсол баргузор шавад, вале то кунун рӯзи дақиқи баргузории он мушаххас нашудааст. Ато Мирхоҷа, 18-уми сентябр дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки “яке аз масъалаҳои […]

Интизор меравад дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раиси нави ин ниҳод интихоб шавад. Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, муовини раиси ин ниҳод, қарор аст Анҷуман дар даҳҳаи аввали моҳи ноябри имсол баргузор шавад, вале то кунун рӯзи дақиқи баргузории он мушаххас нашудааст.

Ато Мирхоҷа, 18-уми сентябр дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки “яке аз масъалаҳои рӯзномаи Анҷуман интихоби раис аст”. Аммо то кунун маълум нест, ки чӣ касе раиси ин ниҳод хоҳад шуд ва номзадҳои аслӣ киҳоянд. Ҳоло Низом Қосим раиси ин ниҳод аст, ки дар Анҷумани XIV интихоб шуда буд.

Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо шикасти Лоиқ ва пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.