Чаро корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара фаъолият намекунад?

Ба кор даромадани корхонаи бузурги коркарди нафт, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шудааст, бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом бо шартҳои қобили қабул ба таъхир меафтад. “Корхона барои оғози фаъолият пурра омода буда, ҳамаи иншооти зерсохторӣ мавҷуд аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини роҳбари МОИ “Данғара” Сафаралӣ Тайфуров Ӯ қайд кард, […]

Пайрав Чоршанбиев,Asia-Plus

Ба кор даромадани корхонаи бузурги коркарди нафт, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шудааст, бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом бо шартҳои қобили қабул ба таъхир меафтад.

“Корхона барои оғози фаъолият пурра омода буда, ҳамаи иншооти зерсохторӣ мавҷуд аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини роҳбари МОИ “Данғара” Сафаралӣ Тайфуров

Ӯ қайд кард, ки мушкили асосӣ таъмини корхона бо нафти хом аст.

Тайфуров таъкид дошт, ки айни замон ҷиҳати дастрас намудани ашёи хом бо ширкатҳо аз Эрону Қазоқистон ва Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Зимнан зикр шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона ба дарёфти нафт бо шартҳои қобили қабул вобаста аст, ки фаъолияти пурсамари корхонаро таъмин карда тавонад.

Сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуд. Корхонаро ширкати муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин бунёд кард, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳиссаи Чин дар лоиҳа – 90 фоиз ва Тоҷикистон – 10 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмони корхона ҳанӯз ду сол пеш ба итмом расида, лекин ба истифода додани он то ҳол мавқуф гузошта мешавад.

Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона истеҳсол сӯзишвории дизелӣ, ҳамчунин бензини пастоктании навъи АИ-80, АИ-92 ва битуми сохтмонӣ дар назар буд.

Дар марҳилаи минбаъда корхона ният дошт, ки истеҳсоли тамғаҳои аврупоии бензини Евро-4 ва Евро-5, ҳамчунин гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ, парафин ва битуми сохтмониро ба роҳ монад.

Дар назар буд, ки қисмате аз маҳсулоти корхона дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхта шуда,  бо ин мақсад дар саросари кишвар нуқтаҳои фурӯши худии сӯзишворӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин роҳандозии содироти қисмате аз маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона ба Афғонистон ба нақша гирифта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.