Дар зарфи 9 моҳ қарзи корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон қариб $2 млрд зиёд шуд

Қарзи умумии кредитии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон аз аввали моҳи октябри соли 2019 то оғози моҳи июли соли равон қариб 20 млрд сомонӣ (2 млрд доллар) зиёд шуд. Ба ҳолати 1 октябри соли гузашта ҳаҷми қарз зиёда аз 64,6 млрд сомонӣ ва ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ – беш аз 83,8 млрд сомониро ташкил […]

Қарзи умумии кредитии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон аз аввали моҳи октябри соли 2019 то оғози моҳи июли соли равон қариб 20 млрд сомонӣ (2 млрд доллар) зиёд шуд.

Ба ҳолати 1 октябри соли гузашта ҳаҷми қарз зиёда аз 64,6 млрд сомонӣ ва ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ – беш аз 83,8 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, натиҷаҳои молиявии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда дар нимсолаи аввали 2020 манфӣ ҷамъбаст шудааст: маблағи зиёни тавозунӣ ба зиёда аз 1,1 млрд сомонӣ расидааст.

Вазни қиёсии корхона ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо ба ҳолати 1 июли соли равон ба 31,4% баробар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли гузашта ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Миёни ин корхонаҳо ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, “ҶСК “Тоҷик Эйр” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр шудаанд.

Байни корхонаҳои бузург қарзи ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан зиёдтар аст, ки ба ҳолати 1 январи соли равонм 26 млрд сомонӣ (наздики 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 21 млрд сомонӣ ба лоиҳаҳои татбиқшудаи сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа татбиқ шуда, боз 13 лоиҳа дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарз аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.