Волидони Далер Шарифов аз Додситонии кулл, Кумитаи амният ва Идораи зиндонҳо дархости озодии ӯро карданд

Манзумаи Фирӯз

Имрӯз волидони Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик вобаста ба рад шудани пешниҳоди пеш аз муҳлат озод кардани писарашон ба Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амният ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дархост пешниҳод намуданд.  Дар ин бора ҳамсари Далер Шарифов Саида Қурбонова ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, қаблан рӯзи 18-уми сентябр, дархости Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон барои пеш аз муҳлат озод кардани далер Шарифов аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шуда буд.

“Зиндони Ёвон, ки Далер он ҷо адои ҷазо мекунад, ба Идораи зиндонҳои ВА дархости раҳоии пеш аз муҳлати Далерро карда буд. Бо сабабҳои номаълум дархост рад шуд. Ҳоло волидони Далер тасмим гирифтанд худашон расман барои пеш аз муҳлат озод кардани писарашон дархостро ба се ниҳод пешниҳод кунанд”, – илова кард Қурбонова.

Ба гуфтаи ҳамсари Далер, то ҳол далели рад шудани дархост аз ҷониби ниҳоди мазкур шарҳ дода нашудааст. Вале мегӯяд. “шояд баъди расонаӣ шудан, расман далели рад шудан шарҳ дода шавад”.

Саида Қурбонова ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ ҳамчунин илова кард, ки вазъи саломатии ҳамсараш хуб нест ва рӯзи душанбе барои ӯ доруҳои дархостшударо фиристодаанд.

Падару модари рӯзноманигори зиндонӣ дар ин дархости худ гуфтаанд, ки “писари мо маҳкумшуда Шарипов Далерҷон Абдуманнонович аллакай аз нисф зиёди муҳлати ҷазоро (8 моҳ) адо намуда, зимни адои ҷазо тартиботи ҷорӣ дар муассисаро халалдор накардаст. Аммо ду маротиба аст, ки пешниҳоди парвандаи ӯ ба колонияи ислоҳии сукунатӣ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ рад карда мешавад. Ин амал боиси фишори равонӣ ба худи Далер ва волидонаш гашта, давоми чор рӯз аст, ки фишорбаландӣ моро азият медиҳад. Пештар ҳам дар хусуси саломатии писарамон навишта будем, ки ӯ аз дарди қалб ва фишорбаландӣ ранҷ мебарад ва рӯзҳои ахир воқеан ин бемориҳо дар ӯ хуруҷ кардааст”.

Ҳамсари рӯзноманигор Далер Шарифов ва волидони ӯ умед доранд, ки баъди муроҷиати расмии онҳо Далер аз зиндон озод карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...