Боғи фарҳанг ва майдони парчами миллӣ: президент дар Шаҳритус чиҳо боз кард

Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории президент аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта,  Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии […]

Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории президент аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта,  Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид” шинос ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан кард.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос ва бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дод.

Майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, масоҳати умумии иншоот 0,16 гектарро дар бар мегирад.

Дар идома дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард. Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метрро ташкил менамояд.

Дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшида шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳалли Холназар Достиев бунёд гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, ба 78 писарону духтарони ятим сару либосӣ мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуд.

Дар фарҷом президенти ҷумҳурӣ аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшид. Боғи мазкур бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии бунёд гардидааст.

Дар маркази боғмуҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ – Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст. Пешвои миллат парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант ташриф оварда дар он ҷо ду агрегати неругоҳи барқиоби “Сарбанд”-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.