Эмомалӣ Раҳмон дар СММ доир ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим изҳори назар кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, дар бораи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ақидаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад, дастгирӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ даъват кард, ки ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидату дастгирии ҳамаҷониба намоянд.

Зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин пурзӯр кардани мониторинги манбаъҳои пайдоиши захираҳои об, бахусус, пиряхҳо ва таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва ба ин мақсад мавриди амал қарор додани пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, ӯ пешниҳод кард, ки ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои об кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки шарикони байналмилалӣ иқдомҳои баъдии ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дар суханронии президенти Тоҷикистон ба масъалаи коронавирус низ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, изҳори умедворӣ шуд, ки ваксинаи зидди коронавирус, ки дар бисёре аз кишварҳо мавриди коркард қарор дорад, барои ҳамаи кишварҳо дастрас хоҳад гардид ва дар оянда ҷонибҳои истеҳсолкунандаи ваксина ҷиҳати дар шакли кумаки гуманитарӣ бо як миқдори он таъмин намудани табақаҳои осебпазири кишварҳои дигар, алалхусус кӯдакону занон ва пиронсолон, иқдом хоҳанд кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳамагирии КОВИД-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонид.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар самти пешгирӣ аз паҳншавии он Тоҷикистон имрӯз талош дорад, ки ҳаҷми зарурии маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро зиёд карда,бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, кишварҳо ва шарикони рушд чораҳои зарурӣ андешад.

“Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оқибатҳои паҳншавии коронавирусро ҳамчун ҷараёни идомаёбанда арзёбӣ мекунанд, ки албатта, ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон бетаъсир нахоҳад буд, – изҳор дошт ӯ. – Чунин ҳолат пешорӯи рушди Тоҷикистон душвориҳои зиёди бесобиқаро ба бор меоварад. Ҳамагирии коронавирус ба паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт боис гаштааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...