Кумаки Туркманистон ба Афғонистон дар сохтмони роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон

Идораҳои роҳи оҳани Туркманистон ва Афғонистон масъалаи сохтмони минбаъдаи роҳи оҳанро дар қаламрави Афғонистон то сарҳади Тоҷикистон баррасӣ карданд. Машварат байни намояндагони агентии«Türkmendemirýollary» ва Раёсати роҳҳои оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон рӯзи 21 сентябр тариқи конфронси видеоӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон. Гуфта мешавад, моҳи сентябри соли 2019 ҷонибҳо ба маблағи умумии 21 […]

Идораҳои роҳи оҳани Туркманистон ва Афғонистон масъалаи сохтмони минбаъдаи роҳи оҳанро дар қаламрави Афғонистон то сарҳади Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Машварат байни намояндагони агентии«Türkmendemirýollary» ва Раёсати роҳҳои оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон рӯзи 21 сентябр тариқи конфронси видеоӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.

Гуфта мешавад, моҳи сентябри соли 2019 ҷонибҳо ба маблағи умумии 21 млн доллар дар бораи сохтмони роҳи оҳани Оқина-Андхой дар масофаи 30 километр қарордод ба имзо расониданд.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар қаламрави Афғонистон – аз марзи Туркманистон то вилояти Фароби Афғонистон тӯл мекашад.

“Оянда дароз шудани ин шохаи роҳи оҳан то сарҳад бо Тоҷикистон ва минбаъд баромадан ба кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар назар аст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад. Он замон муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон начандон хуб буданд ва қатораҳои Тоҷикистон бисёр вақт дар қаламрави Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешуданд.

Туркманистон ҳанӯз соли 2016 сохтмони қитъаи худро дар ин роҳ ба итмом расонида, лекин бунёди қитъаи тоҷикистонии роҳ бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявӣ ба таъхир меафтод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.