Норак: Пешниҳоди пора ба кормандони милитсия барои рӯйпӯш кардани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ки қаблан бо моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони пешниҳоди пора ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ барои рӯйпӯш сохтани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур ба кормандони милитсия маблағи калони пулӣ пешниҳод кардааст.

“Номбурда 27-уми июл дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза” дар Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намуда, баъдан бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...